Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хонаводаи Абдуғафур Самадов, пахтакор, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ боздид карда, бо пайвандони ӯ мулоқот намуд.
Абдуғафур Самадов аз кишоварзони маъруфи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар рушди пахтакорӣ саҳми арзанда гузоштааст. Колхозе, ки зери роҳбарии ӯ фаъолият дошт, аз беҳтаринҳо дар мамлакт ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба давлат ҳазорҳо тонна пахта месупорид. Саҳми ин шахсияти шинохта дар рушди соҳаи кишоварзии минтақа, махсусан пахтакорӣ назаррас аст.
Сипас, роҳбари вилоят ба оилаи Ғаниевҳо омада, фарзанди бемори Иноят Ғаниеваро аёдат кард ва ба ин оила кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




