21 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» боздид кард.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ҳавзҳои зиёди моҳипарварӣ ташкил гардида, парвариши гулмоҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти таъмини ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ амалӣ гардидааст.
Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки зиёд намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ ва шумораи он идома дошта, дар майдони зиёда аз 3 гектар бунёди ҳавзҳои нави моҳидорӣ ҷараён дорад. Масъулин азм доранд боз 20 адади дигар ҳавз бунёд намуда, шумораи умумии моҳиро то 3 миллион расонанд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли 2021 ва навбати дуввуми он соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




