Аёдати оилаи ниёзманд ва собиқадори меҳнат дар ноҳияи Спитамен

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен Диёрбек ва Сироҷбек Мирзобоевҳоро аёдат кард.

Раиси вилоят ба ин оила кӯмакҳои моддӣ тақдим карда, ба аҳли оила суҳбати самимӣ орост. Таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумат мунтазам ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонида, барои дастгирии ниёзмандон мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Каромат Эшназарова хабар гирифта, ба ӯ кӯмакҳои модии худро расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд