×

Внимание

The was a problem converting the source image.
There was a problem rendering your image gallery. Please make sure that the folder you are using in the Simple Image Gallery plugin tags exists and contains valid image files. The plugin could not locate the folder: images/news/navid/2023/konibodom/20-09/1/

Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Конибодом

19 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар карда, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.

Раиси вилоят дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳр сохтмони Маркази ташхисию табобатии ҶДММ​ «Набиев»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо​ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Икромҷон Набиев сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст. Марказ дорои 21 утоқи корӣ ва 28 кат барои беморон буда, бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Он бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, бо ба кор шуруъ кардани он 20 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят бунёди чунин иншоотро барои таъмини солимии ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, барои ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Дар идома роҳбари вилоят бо сохтмони коргоҳи истеҳсоли оҳану бетони ҶДММ «Аҳрулло» шинос шуд. Коргоҳ аз ҷониби соҳибкор Шероз Рустамзода бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли плитаҳои сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад.​

Раҷаббой Аҳмадзода ташкили чунин коргоҳҳои хурдро дар минтақаҳо иқдоми зарурӣ арзёбӣ карда, барои дар оянда васеъ намудани фаъолият ва ташкили ҷойҳои кории нав супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

{gallery}news/navid/2023/konibodom/20-09/1/{/gallery}