Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Зафаробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили​ Рӯзибоева Зоира ва Расулов Мазбутҷон омада, бо собиқадорон, ки дар пешрафти ҷомеа саҳми худро гузоштаанд, суҳбат намуд.

Маълумот дода шуд, ки Рӯзибоева Зоира​ аз соли 1968 то соли 2007 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия фаъолият бурда, давоми​ 41 сол барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ меҳнат намудааст.​ ​

Расулов Мазбутҷон аз соли ​ 1984 ​ то соли ​ 2012 дар мақомоти милитсия дар вазифаҳои гуногун кор карда, тӯли​ 28 сол дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар дошт.

Раиси вилоят аз саҳми собиқадорони меҳнат дар пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли наврас ёдовар шуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа пайваста ғамхорӣ менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд