Боздид аз корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияи Зафаробод

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Кони ганҷ» ва ҶДММ «Асади Зафаробод», ки ба коркарди пахта машғул аст, боздид намуд.

Корхонаи истеҳсолӣ дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ баҳри саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд карда​ шудааст. Корхона иқтидор дорад, ки​ дар як сол 15 ҳазор тонна пахтаро коркад намояд. Дар корхона ҳамзамон истеҳсоли равған ба роҳ монда шуда, дастгоҳу таҷҳизоти муосиру каммасраф аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва ИМА вориду насб гардидааст.

Дар корхона дар марҳилаи якум пахта ба коркарди аввалия фаро гирифта мешавад. Истифодаи дастгоҳи муосир имкон медиҳад, ки барориши нахи пахта то ба 38 фоиз баробар гардида, 55 фоиз чигит истеҳсол карда шавад. ​ Соли 2022 ширкати “Кони ганҷ” 9 ҳазор тонна пахта қабул намуда, онро коркард намудааст. Соли ҷорӣ бошад масъулон азм доранд, ки​ беш аз 10 ҳазор тонна пахтаро қабул ва коркард кунанд.

Дар ҶДММ «Асади Зафаробод» бошад​ соли гузашта бо ворид намудани таҷҳизоти замонавӣ наздик 2 ҳазор тонна коркард шудааст. Дар мавсими имсола алаккай​ 80​ тонна пахта қабул карда шудааст.​

Раиси вилоят барои беҳтар намудани фаъолият ва қабули коркарди пурраи пахта ба масъулин тавсияҳо дода, қайд намуд, ки корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳия метавонанд пахтаи истеҳсолшударо сад фоиз коркард намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд