Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос гардид.
Бояд таъкид кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида, дар ин замина ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё шуд ва ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонида, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид.
Бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол қабл дар шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” ба фаъолият оғоз карда буд ва имрӯз роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки хати нави истеҳсолиро фаъол намояд. Дар корхонаи мазкур истеҳсоли матои бахмал ба роҳ монда шуда, маҳсулот харидорони сершумор дорад. Корхона маҳсулоти худро дар намоишгоҳҳои дохилу хориҷ низ мунтазам ба фурӯш мегузорад. Аз ҷумла чанде қабл дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ маҳсулоти корхона ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби сокинони бумӣ харидорӣ шуд.
Раиси вилоят аснои боздид ба роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолӣ тавсияҳо дода, ташкили хати навро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ кард.
Кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда ва дастгириҳои доимии Президенти мамлакат фаъолияти худро идома дода, ба истеҳсоли атласу адрас машғуланд. Зимни боздиди Раиси вилоят аз корхонаи мазкур маълумот дода шуд, ки мутахассисони корхона ҳамеша дар омӯзиш буда, матоъро бо тарҳу ороиши гуногун пешниҳоди сокинон намуда истодаанд.
Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад. Дар саросари кишвар атлас ва адрас аз матоъҳои серхарид маҳсуб мешаванд. Хосатан дар даврони соҳибистиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ аз матоъҳои мазкур ба таври васеъ истифода мекунанд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» имрӯз дар истеҳсолу пешниҳоди матоъи атлас ва адрас саҳми арзанда мегузорад. Иштирок дар намоишу фестивалҳои бонуфуз имкон дод, ки дар баробари муаррифии молу маҳсулот харидорони зиёд пайдо намуда, маҳсулоти хешро ба фурӯш гузоранд.
Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои бо истифода аз имкониятҳо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот супоришҳо дод.
Дар идома Раиси вилоят аз Маркази ҳунармандии «Зулфия Баҳриддинова» боздид намуд. Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардидааст. Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат солҳои охир дар вилоят грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгирии фаъолияти занон таъсис дода шуда, занони ҳунарманди вилоят барои рушди ҳунармандӣ аз имкониятҳо истифода мебаранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




