Ба кормандони соҳаҳои гуногун Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд

4 сентябри соли 2023 ба муносибати​ 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи калони​ фаъолон барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонда шуданд.

Маросими тақдими​ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо фаъолони соҳаҳо изҳор дошт, ки​ Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёт дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд таъмин гардид.

Дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо амалӣ гардиданд ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам густаришу тавсеа пайдо карданд.

Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати «дарҳои кушода» боиси болоравии нуфузу обрўи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад. ​

Ҳар сол ба истиқболи солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла илму фарҳанг, маорифу тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, ки дар соҳаҳои гуногун бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд, бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда мешаванд.

Аз ҷумла, 30 августи соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар партави иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки дар арафаи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоятро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонад.​

Раҷаббой Аҳмадзода​ гирандагони Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бо ин дастоварди пурарзиш ва фарорасии ҷашни бузурги 32-умин солгарди Истиқлоли ​ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ​ табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию хотирҷамъӣ, саодати рўзгор ва комёбиҳои баланди меҳнатӣ таманно намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолон минбаъд низ кўшишу ғайрат ва донишу таҷрибаашонро барои ободии кишвар, пойдории суботу ҳамбастагӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амалишавии ҳадафҳои ​ бунёдкорона ва стратегии Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат равона менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд