Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, Қалъаи Хуҷанд бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор карда мешавад.
Корҳои барқарорсозии иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, идома дорад. Лоиҳаи иншоот аз тарафи Институти лоиҳакашии филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашии ҷустуҷӯии (ФАНИИОСП) СИЛИОСП тарҳрезӣ шудааст.
Дар маҷмӯъ барои сохтмон ва азнавсозии иншоот 18 ширкати сохтмонӣ ҷалб шуда, ҳамарӯза беш аз 350 нафар сохтмончӣ ва 100 нафар ҳунарманд заҳмат кашида истодаанд. Барои сохтмон масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ истифода шуда истодааст.
Масоҳати умумии қалъа 6 гектар буда, лоиҳа аз бинои маъмурӣ, осорхона, маҳаллаи қадимаи шаҳр, чойхона, ҳаммомхона, меҳмонхона, девори қадимаи ҳокимнишин, растаҳои савдо иборат аст. Дар маҳаллаи бунёдшаванда ҳавлиҳои қадимӣ, аз ҷумла ҳавлии ҳунармандон - кулолгарон, сангтарошон, заргарон, тоҷирон, табибон, хаттотон, оҳангарон низ мавҷуд аст ва ҳар як ҳавлӣ муаррифкунандаи таърихи асрҳои ХV-ХVI мебошад. Дар бинои осорхона бошад, панҷ толор бунёд ва ҳар як толор тақсимбандӣ шудааст, аз ҷумла толори илмӣ - адабӣ, бостоншиносӣ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санъати тасвирӣ, таърихи шаҳри Хуҷанд мебошад. Баробари ин, дар саҳни қалъа ду фаввораи калон бунёд меёбад. Даромадгоҳи асосии қалъа аз дохили боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва се даромадгоҳи иловагӣ аз тарафи девори ҷанубӣ гузошта мешавад. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ёдгории қадимӣ ҳифз карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




