1 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан ба мумфаршкунии роҳи Вогат-Курушкадаи шаҳр ҳусни оғоз бахшид.
Роҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба масофаи 2,2 км пурра мумфарш гардида, корҳои роҳсозиро ҶДММ "Роҳи Ваҳдат" ба уҳда дорад. Тавассути ин роҳ беш аз 11 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Вогату Курушкада равуо мекунанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ идома дошта, нақши соҳибкорону сокинон низ дар ободии сарзамини муқаддасамон назаррас аст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шарафманди вилоят бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷашнҳои милливу давлатиро истиқбол гирифта, дар иҷрои бунёдкориҳо минбаъд низ софдилона меҳнат мекунанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




