1 сентябри соли 2023 бинои китобхона ва толори маҷлисгоҳ дар Гимназияи №1, воқеъ дар кумитаи маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи иншооти зикршуда устодону хонандагони гимназияро ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба онҳо саодату саломатӣ, дар иҷрои рисолати касбӣ дастоварду муваффақиятҳои шоиста ва хониши хубу аъло орзу намуд.
Тавре таъкид карда шуд, дар Рўзи дониш ва дар арафаи ҷашни 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани бинои китобхонаи электронӣ ва толори маҷлисгоҳ барои 210 ҷойи нишаст дар Гимназияи №1 – уми ба номи академик Аҳрор Мухторов нишони таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди маориф маҳсуб меёбад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар қатори дигар соҳаҳо соҳаи маориф ҳамчун самти асосӣ ва стратегӣ маҳсуб шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Бо назардошти он, ки фардои ин миллати саодатманд дар дасти кӯдакону наврасон аст, ҳадафи муҳими низоми мориф тарбияи шахсияти фаъол ва созанда мебошад.
Бояд гуфт, ки иншооти мазкур бо ташаббус ва дастгирии кумитаи падару модарони муассисаи мазкур бунёд гардидаааст ва алҳол шумораи умумии хонандагони муассиса 1611 нафар ва омўзгорон 87 нафарро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав, ки барои саодати маънавии насли толеъбаланди замон пешбинӣ шудааст, аз ҷумлаи тадбирҳои судманд дар ҷодаи тарбияи насли ҷавон мебошад. Имрӯз бо ифтитоҳи ин бинои иловагӣ барои хонандагони болаёқат шароити боз ҳам мусоид барои таҳсил, донишомўзӣ, бахусус китобхонӣ фароҳам омад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




