1 сентябри соли 2023 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Шаҳристон бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия устодону хонандагонро ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда, дар Рўзи дониш ва дар арафаи ҷашни 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии муассисаи таълимии деҳаро нишони таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба соҳаи маориф арзёбӣ кард.
Қайд карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Мақсад аз сохтмони таълимгоҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи замон ва муҳайё намудани шароити хуби таълимӣ он аст, ки кӯдакону наврасони Ватани азизамон бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил карда, аз дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир баҳравар бошанд ва дар оянда ҳамчун фарзандони номбардори халқи бошарафу фарҳангсози тоҷик ба камол расида, дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии сарзамини муқаддасамон саҳми арзандаи худро гузошта тавонанд.
Бинои нави илму маърифат иборат аз 8 синфхона ва як ошхонаи барҳаво буда, туҳфаи арзанда ба муаллимону хонандагони муассисаи таълимӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки бинои кўҳнаи муассиса соли 1964 тариқи ҳашар сохта шуда, шумораи умумии хонандагони муассиса алҳол 535 нафар ва омўзгорон 57 нафарро ташкил медиҳад. Бо бунёд гардидани синфхонаҳои иловагӣ имконият пайдо гардид, ки боз барои таҳсили беш аз 200 нафар хонанда дар ду баст шароит муҳайё гардад.
Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки хонандагон дар фазои орому осудаи Ватани азизамон аз имкониятҳои фароҳамсохтаи давлату Ҳукумат ҳарчи пурраву самаранок истифода намуда, масъулият ва қарзи фарзандии худро адо мекунанд, яъне барои амиқан азбар намудани илму дониши муосир ҳаматарафа азму талош варзида, касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободии фардои Ватан аз имрӯз омода мегарданд.
Сипас Раиси вилоят маъюби гуруҳи якум Дилдора Азизмуродова ва Меҳрӣ Ориповаро, ки аз оилаи камбизоат аст, аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




