Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

1 сентябри соли 2023​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба​ Донишгоҳи давлатии​ Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар чорабинӣ ба муносибати​ Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуд.​

Раиси вилоят аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону доншҷӯён, ва дар симои онҳо тамоми муҳассилини макотиби миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олиро​ ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуд.​

Таъкид карда шуд, ки чун анъана дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рўзи дониш бо тантана ва шукуҳи хоса таҷлил гардида, дарси аввали соли нави таҳсил аз дарси сулҳ оғоз мегардад. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ин неъматҳои бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз менамоянд. Гузашта аз ин, таҷлил намудани Рўзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавият гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷўҳи доимии хоссаи ​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф мебошад.

Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ​ ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла омўзгорону устодон​ ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоию фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.

-Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши маориф ва илму маърифатро дар пешбурди ҳамаи самтҳои ​ иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ карда, маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати худ эълон доштааст. Маҳз, ҳамин мақоми ҳалкунанда доштани маорифро дар пешрафти ҷомеа ба назар гирифта, бо мақсади ба стандартҳои умумиҷаҳонӣ мутобиқ сохтани шаклҳои замонавии таҳсилот дар мамлакат ислоҳоти мақсадноки соҳаи маориф ҷараён дорад.

Барои расидан ба ин ҳадаф низоми маориф дар кишвар такмилу тақвият ёфта, барои мутобиқ сохтани он ба сатҳи байналмилалӣ ва мукаммал намудани мазмуну мундариҷаи он бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва тарбияи ватандўстӣ санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд, —​ иброз дошт роҳбари вилоят.

Дар вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 21 литсейи касбии техникӣ, 946 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 279 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ​ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли созандаву бунёдкор фаъолияти босамар доранд.

Дар ин росто, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар низоми маорифи кишвари азизамон нақши назаррас дошта, даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан наву тоза дар таърихи донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Дастовардҳои бузурги ҷомеаи устодон, кормандон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар таълиму тарбия, ба воя расонидани мутахассисони баландихтисос, инкишофи илм, фарҳанг, маориф, бунёди пояи мустаҳками моддӣ-техникӣ, таълимӣ-тарбиявӣ ва неруи тавонои илмиву зеҳнӣ имконият фароҳам овард, ки донишгоҳ ба яке аз марказҳои бонуфузи илмиву таълимӣ табдил ёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон илова намуд, ки ҷавонони мо бояд ворисони сазовори насли калонсол гарданд, ба қадри истиқлолият, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллат расанд, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ дошта бошанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзанда гузоранд.​

Бахусус, дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ бо риояи суннатҳои неки гузаштагонамон аз равишҳои муосири таълиму тарбия истифода бурда, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии наврасону ҷавонони ояндасозро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро тақвият бахшем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем, то ки онҳо зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватанпарвар гардида, барои рушду ободии ояндаи кишвари соҳибистиқлоламон содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро ​ ба таври сазовор муаррифӣ ва пуштибонӣ карда тавонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд