Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар кори машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва як қатор корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд.

Раиси вилоят дар машварат таъкид кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, бо истифода аз имкониятҳо ҷиҳати афзун намудани дастовардҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Қайд карда шуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, бунёду баистифодадиҳии беш аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд ба бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта хоҳад шуд. Дар ин замина роҳбари вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки ба бунёди корхонаҳои нав таваҷҷуҳ карда, рушди соҳаи саноатро таъмин намоянд. Бо назардошти имкониятҳо агар корбарӣ дуруст ба монда шавад, метавон ба натиҷаҳои хуб даст ёфт.

Дар машварат инчунин вобаста ба вусъати корҳои саҳроӣ, сари вақту беталаф ҷамъоварии ҳосили пухтарасидаи марди деҳқон ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани солгарди навбатии Истиқлоли давлатии кишвар таваҷҷуҳи хоса равон карда шуд. Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят ҷамъоварии анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дорад. Масъулини соҳаро зарур аст, ки барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсола, аз ҷумла пахта чораҷӯӣ намоянд.

Масъулини вилоятиро зарур аст ҳамзамон ба танзими нарху наво дар бозорҳо аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд, то мардум тавонад маводи ғизоиро барои зимистон захира кунанд.

Дар рафти ҷаласа вобаста ба дигар масъалаҳо, аз қабили ҷамъоварии саривақтии андозҳо, суръатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози санаҳои фархундаву миллӣ, омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, таъмини рушди соҳаи саноат ва ғайра таваҷҷуҳи ҳозирин ҷалб карда шуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд