Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи кўчаи «Интернатсионалист»-и маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди беш аз 12000 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда, дар аксари иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.
Итилоъ дода шуд, ки роҳи кўчаи «Интернатсионалист»-и маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд беш аз 1 километр буда, фармоишгар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва пудратчӣ ҶДММ “Суғдроҳсоз” мебошад. Сокинони кӯча бо ҳашари дастҷамъона дар ду канори роҳ новаҳои обгузарро ташкил намуда, хатти обу ташнобро низ роҳандозӣ намудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр саҳми Корхонаи давлатии истифодабарии манзили соҳили рости шаҳри Хуҷанд низ назаррас мебошад. Дар тобеияти корхона панҷ қитъаи истифодабарии манзил қарор дорад, ки дар он 246 бинои баландошёнаи истиқоматӣ иборат 15048 ҳуҷра мавҷуд аст. Кормандони корхона тибқи нақшаҳои тасдиқгардида барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ саҳми худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




