Дар шаҳри Исфара бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардида, вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар машварат нахуст раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода доир ба нишондиҳандаҳои соҳаҳо маълумот дод. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҷӯӣ намуда, баҳри таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд. Дар нимсолаи якуми соли равон нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 106 % иҷро шуда, ба буҷет 80 миллиону 931 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.
Дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи умумии 270,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва суръати рушд 112,5 % таъмин карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 356,1 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 127,5 фоиз таъмин гардид. Ба хориҷи кишвар содироти 14821 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 12954 тонна меваи хушк, 516 тонна маҳсулоти консервагӣ ба роҳ монда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намудааст, ки тибқи он сохтмон ва таъмиру азнавсозии 571 иншоот дар назар дошта шуда, танҳо дар 149 иншоот ба истифода дода хоҳад шуд.
Раиси вилоят вазъи соҳаҳоро таҳлил намуда, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод. Аз ҷумла, барои ташкили корхонаҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, зиёд намудани содироти маҳсулот, истифодаи оқилонаи замин, сари вақт гузаронидани кишти такрории зироатҳо, омодагӣ ба зимистон, захираи маводи сӯхт барои муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ташкили намоишу фурӯши либосҳои мактабӣ, дастгирии қишри ниёзмади ҷомеа дастур дода шуд.
Дар доираи сафар роҳбари вилоят ҳамзамон бо фаъолияти аъзои хоҷагии деҳқонии «Чоркӯҳ» ва тарзи истифодаи замин шинос гардида, собиқадори соҳаи маориф Одил Охунов ва маъюби гуруҳи якум Мавлуда Додоҷоноваро аёдат карда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
{gallery}news/navid/2023/isfara/09-08/3/{/gallery}




