Бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри бостонии Исфара рушду тараққӣ ёфта, дар шаҳраку деҳоти он корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад.
8 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази шаҳр ва бо сохтмони бинои баландошёнаи ҶДММ «Нури дурахшон», муассисаи томактабии №5, маркази хизматрасонӣ ва савдои ҶДММ «Контакт», дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ бошад бо рафти корҳои омодагӣ ва бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази хизматрасонӣ, бозори замонавӣ, мактаби нав ва бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Навобод, сардхона шинос гардида, таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат барои фароҳамсозии шароити мусоид барои кору зиндагии сокинон аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
Раиси вилоят ҳамзамон аз ташаббусу иқдомҳои созандаи соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар ободу хуррам гардидани диёри худ саҳми шоиста мегузоранд, истиқбол намуда, барои бо сифати баланд омода намудани иншооти ҷашнӣ тавсияҳо дод.
Тазаккур дода шуд, ки мардуми шарафманди Исфара бо ҷаҳду талош ва меҳнати худ ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




