8 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ҶДММ “Баракат - Исфара” ва ҶДММ «Субҳи Ватан» шинос гардид.
Корхонаҳои саноатии “Баракат - Исфара” ва «Субҳи Ватан» аз корхонаҳои фаъол ба ҳисоб рафта, дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.
Дар ҶДММ “Баракат-Исфара” беш аз 140 нафар кор мекунанд ва корхона ба банду баст ва коркарди мева машғул буда, маҳсулоти он ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои ФР содирот мегардад. Маҳсулоти “Баракат-Исфара” дар ҷумҳуриҳои Чех, Туркия, Канада низ серхаридор буда, имсол бори аввал содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Олмон низ ба роҳ монда шуд.
ҶДММ «Субҳи Ватан» бошад соли ҷорӣ илова бар анвои гуногуни хушкмеваҳо консерваи барги ток ва ғӯраи зардолуро ба Аврупо ва Амрико содирот намуд ва тасмим аст, минбаъд маҳсулоти корхона бештар содирот карда шавад.
Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти корхонаҳо баҳои баланд дода шуда, барои ҳарчи бештар намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ тавсияҳо дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




