Мирзоқосим Каримзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуд

Дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, аъзои кумиҷроия, фаъолони ҳизб, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот ва регламенти кори ҷаласа ба баррасии масъалаи якуми кори рӯзнома – ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба шашмоҳаи аввали соли 2003 шурӯъ намуданд.

Муовини Раиси КИВ ҲХДТ Замира Мансурӣ дар баромади ҳисоботӣ зикр дошт, ки шумораи аъзои ҳизб дар вилоят ба миқдори 4541 нафар зиёд гардид. Яъне ба ҳолати 1-уми августи соли 2023 он ба 170 334 нафар расид, ки аз он 97 471 нафар ё худ 57,2%-ро занҳо ва 67 224 нафар ё худ 39,4%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ташкилоти ибтидоӣ ячейкаи асосии фаъолияти ҳизбиро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ 68 адад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуданд, ки он дар вилоят ба ҳолати 1-уми августи соли 2023 ба 1564 адад расид.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромад таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар байни мардум беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо карда истодааст ва ҳадафи аслии ҳизб ҳам амалӣ сохтани ормонҳои мардуми мо мебошад. Ин ташкилоти муқтадир дар сафи худ неруи тавонои зеҳниву ақлонӣ, намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ-зиёиён, коргарон, кишоварзон, соҳибкорон, занону ҷавононро муттаҳид намуда, ба як қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Абдуҷаббор Азизӣ зимни баромад аз ташаббусҳои наҷиби кумиҷроияи вилоятӣ дар самти ҷалби аъзо, кор бо васоити ахбори омма, баргузории ҳамоишҳо вобаста ба таҷлили 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии ёдовар шуда, дар назди ҳизбиён барои беҳтар намудани фаъолият вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар идомаи кори ҷаласа аъзои кумиҷроия масъалаи ташкилиро баррасӣ намуданд. Ба ҳайати аъзои раёсат ва аъзои кумиҷроияи вилоятӣ тағйирот ворид карда шуда, сафи он аз ҳисоби шахсиятҳои арзанда пур карда шуд. 

Бо назардошти и.в раиси ноҳияи Зафаробод таъин гардидани Зуфар Исмоилзода бо розигии Раиси муаззами ҳизб номзадии Мирзоқосим Каримзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд пешбарӣ ва бо тарафдории аксарияти аъзои кумиҷроия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд.

Раиси тозаинтихоби кумиҷроияи вилоятӣ Мирзоқосим Каримзода барои боварию эътимоди Раиси муаззами ҲХДТ, дастгири фаъолоони ҳизб изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки бо меҳнати фидокорона аз азму устувори қатъӣ барои пешбурди кори ҳизбӣ саъю талош меварзад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд