Ҳунармандони Самарқанд низ дар таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд саҳм мегузоранд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд, ки бо ҷалби олимону бостоншиносон ҷараён дорад, шинос шуд.

Қалъаи Хуҷанд иншооти бузурги фарҳангӣ буда, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома дорад. 

Ба корҳои сохтмонӣ беш аз 300 нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардидаанд. Ҳамзамон зиёда аз 30 нафар устову ҳунармандон аз шаҳри Самарқанд ба корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул мебошанд. 

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз тақвияти ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдоварӣ карда, ба масъулин барои идомаи корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд