
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад.
3 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо рафти бунёдкориҳо шинос гардида, барои густариши корҳои ободонӣ ба масъулин супоришҳо дод. Ба иттилои масъулин ба истиқболи ҷашни миллӣ корҳои ободонӣ, чароғонкунӣ, мумфаршкунӣ, сохтмон ва таъмири иншоотҳо идома дошта, то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷмуъ 714 адад иншоот ба истифода дода хоҳад шуд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 68 адад иншооти таъиноташ гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст.
Айни замон дар ҳудуди шаҳр бунёди кӯдакистони рақами 2 ва як қатор марказҳои хизматрасонӣ ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Конибодом - Бобоҷон Ғафуров дар минтақаи Кӯчкак бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




