Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти пойгоҳи обкашии "Хоҷабоқирғон-1" шинос шуд.
Тавре мушоҳида гардид, пойгоҳи обкашӣ фаъолияти муназзам дошта, тавассути он 14 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ обёрӣ карда мешавад. Пойгоҳи обкашӣ дорои 24 агрегат буда, барои беҳтар намудани иқтидори обрасонии он 6 агрегати нав харидорӣ шуда, васлу насби он идома дорад. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки сарбории агрегатҳо коҳиш ёфта, вазъи обрасонӣ боз ҳам беҳтар гардад.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати таъмини фаъолияти бонизоми пойгоҳи обкашӣ ва таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полезӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Сипас роҳбари вилоят дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳия аз сойи Хоҷабоқирғон боздид кард. Тибқи иттилои масъулин тавассути сой то 3 метри кубӣ об ҷорӣ буда, минтақа бо оби полезӣ таъмин мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар маҷмуъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 33 адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо 22 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ обёрӣ карда мешавад. Саҳми кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас аст ва деҳқонон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд