2 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаҳои чорводорӣ шинос гардид.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо ширу гӯшт тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 86 ҳазор сар моли калон парвариш карда мешавад.
Зимни боздид аз фермаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия иттилоъ дода шуд, ки дар он 280 сар моли калон нигоҳубин карда шуда, ояндаи наздик боз 100 сар навъи сиёҳало харидорӣ карда хоҳад шуд.
Раиси вилоят барои зиёд намудани саршумори чорво ба масъулин супоришҳо дода, таъкид кард, ки марҳила ба марҳила то ба ҳазор сар расонида шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз фермаи ҶСК ба номи С. Ӯрунхоҷаев ва фермаи воқеъ дар деҳоти Ғозиён боздид карда, барои таъмини рушди соҳаи чорводорӣ ба масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят ва роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои нишондодҳои барномаҳои соҳавӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, харидорӣ ва парвариши молҳои серширу гӯшт чораандешӣ карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд