Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ҷавонони маъюбу камбизоатро аёдат кард.
Раиси вилоят аз ҳоли узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сайёра Баҳодурзода, маъюби гуруҳи якум, сокини маҳаллаи Навбаҳор, ки муаллифи беш аз 7 китоб аз қабили “Шукуфаҳо”, “Оина меҳр”, "Дурахши ахтарон”, “Султони қалбам”, “Умеди висол” ва ғайраҳо мебошад ва сокини маҳаллаи “Сирдарё”, маъюби гуруҳи якум Зафарҷон Холматов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат гуфт, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоса қарор доранд.
Ҷавонон аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ карда, барои ғамхориҳои доимӣ ба Сарвари давлат изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд