22 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан ба муносибати Рӯзи ҷавонон ду нафар ҷавонони маъюб, яке аз онҳо устоди варзиши байналмиллалиро аёдат намуда, кӯмакҳои моддӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии хешро тақдим дошт.
Аз ҷумла, аз ҷониби Раиси вилоят устоди варзиши байналмилалӣ Қодиров Акмал аёдат карда шуд. Қодиров Акмал 18 майи соли 1982 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шуда, маъюби гуруҳи дуюм аст. Айни замон мавсуф новобаста аз имконияти маҳдуд варзишгар дар намуди дастхобонӣ мебошад, ки 30 карат чемпиони ҷумҳурӣ, 15 карат чемпиони Осиё, 9 карат ҷоизадори чемпионати ҷаҳон ва иштирокчии бозиҳои олимпии Токио мебошад.
Ҳамзамон ҷавони маъюб Комилов Наврузҷон аз ҷониби Раиси вилоят аёдат карда шуд. Комилов Наврузҷон соли 2002 дар деҳаи Қалъачаи Калон таваллуд ёфта, дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ба шуъбаи мусиқии анъанавии шаҳри Хуҷанд таҳсил менамояд. Нафақахӯр маъюби гурӯҳи 1-ум мебошад.
Зимни аёдат таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоянд ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунанд.
Аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ болидаруҳ гардида, зикр намуданд, ки ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунанд ва ифтихор аз он доранд, ки Пешвои ғамхор доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд