6 феврали соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии варзишгарони вилоят барои дастовард ва натиҷаҳо дар соли 2022 баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самти фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян гардиданд.
-Боиси ифтихор аст, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва варзишгарон чун ҳарвақта назаррас буд. Ин ташаббус аз ғамхориву дастгирӣ ва боварии роҳбари олии кишвар ба ин қишри фардосози ҷомеа шаҳодат медиҳад ва масъулияти ҷавонон ва варзишгаронро дар назди миллату давлат дучанд мегардонад,-таъкид кард Раиси вилоят.
Таъкид карда шуд, ки таҳлилҳои солҳои охири соҳаи варзиш нишон медиҳад, ки бобати сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳо дар шаҳру ноҳияҳо дар самти сохтмон ва барқарорсозии иншооти варзишӣ, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ, рушди намудҳои олимпӣ ва афзун гардондани теъдоди варзишгарону шавқмандони соҳа корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.
Тибқи нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ, оммавӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2022-юм 112 мусобиқаву чемпионатҳои вилоятӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки дар онҳо беш аз 9 ҳазору 250 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 2 ҳазору 450 нафар духтарон, дар 116 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 58 мусобиқаи байналмилалӣ, инчунин 5 ҳазору 620 варзишгар, аз ҷумла 1 ҳазору 60 нафар бонувон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон иштирок намуда, ба гирифтани 1 ҳазору 250 медали тилло, 1 ҳазору 40 медали нуқра ва 1 ҳазору 300 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят низ барои рушди соҳаи варзиш як силсила қарор ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда истодааст ва дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мунтазам рушд ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Тибқи қарори Раиси вилоят аз 3 июни соли 2022-юм Нақшаи чорабиниҳои "Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026" ва "Барномаи рушди футбол дар вилояти Суғд" барои солҳои 2022-2026" мавриди амал қарор доранд.
Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои 60 нафар варзишгари беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, гузаронидани 1270 мусобиқаи вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарори болозикр ба шумор меравад.
Сипас, ба 60 нафар варзишгарони вилоят стипендияҳои Раиси вилоят супорида шуда, мураббиёну собиқадорон ва кормандони соҳаи варзиш низ бо Сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд