Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ҶДММ «Фортуна-Ко» ва ҶДММ " Арча-мебел"

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ҶДММ «Фортуна-Ко» ва ҶДММ " Арча-мебел" шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, "Фортуна-Ко" соли 2013 дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ташкил гардида, фаъолияти пурсамар дорад. Дар ҳоли ҳозир дар корхона наздик 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд, ки 37 нафари онҳо занон мебошанд.

Масоҳати умумии корхонаи мазкур 1,6 гектар буда, дар он маҳсулоти чӯбӣ аз МДФ ва тирезаҳои замонавии бренди "Евро-окна" истеҳсол карда мешавад.

Аз ҷиҳати экологӣ корхона ба талаботи замон ҷавобгӯ аст ва партовҳои аз истеҳсолот ҷамъшуда барои гарм кардани буғхона истифода мегардад.

Таҷҳизоти технологии корхона аз Италия, Туркия, Шанхай, Россия, Украина ворид гардида, маҳсулоти ширкатҳои маъруфи «SGM», «ARDESIA», «Arhar Engineering» , «Атон-сервис» мебошад.

Роҳбарияти корхона бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда моҳи октябри соли гузашта хатҳои нави истеҳсолиро ворид карда, истеҳсоли курсиҳои гуногунро ба роҳ монд.

Корхонаи муштараки "Арча-мебел" соли 2018 бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва турк ташкил шуда, дар он мебелҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Ба иттилои масъулин айни замон дар корхона 400 намуди мебел барои муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву осоишгоҳҳо истеҳсол шуда, дар "Арча-мебел" 50 адад таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ мавҷуд аст.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ баҳои баланд дода, барои дар оянда низ амалисозии лоиҳаҳои нав ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят тавсияҳо дод. Сипас, роҳбари вилоят аз гармхонае, ки аз ҷониби муассиси корхонаҳо сохта шудааст, боздид намуд. Гармхона ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки замин ташкил карда шуда, маҳсулоти тару тозаи дар он истеҳсолшаванда барои таъмини коргарон истифода бурда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд