Соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ харидорӣ гардидааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд иттилоъ дода шуд.
Техникаҳои замонавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба мусофирон харидорӣ гардида, шумораи техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид.
Тибқи иттилои масъулини фурудгоҳ 3 адад автобус, 4 адад зинаҳои махсус (трап), 2 адад лентаҳои муосир, 2 таҷҳизоти барқӣ барои муҳаррик, 8 адад мошин, 4 таҷҳизот барои бо об таъмин намудани ҳавопаймо ва ғайраҳо харидорӣ шудааст, ҳамаи техникаву таҷҳизот навтарин маҳсуб меёбад.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дар оянда низ дастрас намудани техникаву таҷҳизоти муосир ба масъулин тавсияҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят собиқадорони меҳнат Каромат Икромова ва Рақиб Умаровро, ки солҳои зиёд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд кор кардаанд, аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




