Шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос гардид.

Кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ панҷ гармхона ташкил карда, дар онҳо парвариши бодарингу помидор, лимон ва гулҳои ороиширо ба роҳ мондаанд.

Ба иттилои масъулин моҳи сентябри соли гузашта тухмии помидору бодарингро кишт намудаанд ва ҳоло маҳсулот ба бозорҳо бароварда шудааст. Ҳамасола дар ин гармхонаҳо то 20 тонна маҳсулот истеҳсол гардида,  баробари таъмини кормандони фурудгоҳ бо маҳсулоти тару тоза як қисми изофии маҳсулот ба фурӯш бароварда мешавад.  

Дар гармхонаҳои дигар гулҳои мавсимӣ парвариш ёфта, ҳоло 300 ҳазор бех гулҳои гуногун нигоҳубин карда шуда, дар ободонии ҳудуди фурудгоҳ истифода мегардад. Давоми соли 2022 дар гармхонаҳо то 1,5 миллион дона гулҳои ороишӣ парвариш карда шудааст, ки барои ободонӣ ва сабзу хуррамнамоии ҳудуди фурудгоҳ истифода гардидааст.

Раиси вилоят ба фаъолияти гармхонаҳо баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти доимии гармхонаҳо барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд