Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфта, иншооти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз фурудгоҳ ҷараёни корҳои ободониро таҳти таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди фурудгоҳ бунёди коргоҳи дӯзандагӣ, тарабхона, ошхона, меҳмонхона идома дошта, ҳадаф аз бунёди иншоот боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба мусофирон мебошад.
Коргоҳи дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулот аз як ошёна иборат буда, айни замон 40 нафар бинокорон машғули кор ҳастанд. Дар сохтмони тарабхона ва ошхона барои 150 нафар низ теъдодии зарурии сохтмончиён кор карда, тибқи нақша ошхона барои шаҳрвандон ва ҳам кормандони фурудгоҳ 24 соат фаъолият хоҳад кард.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ҳамзамон азнавсозии меҳмонхонаи фурудгоҳ идома дошта, бино бо назардошти талаботи рӯз ба истифода дода мешавад. Меҳмонхонаи фурудгоҳ соли 1970 сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст. Бино дорои 90 хона буда, дар як вақт метавонад то ба 200 нафар хизмат расонад. Баъди ифтитоҳ дар меҳмонхона то 30 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Дар фурудгоҳ нуқтаи назоратӣ низ фаъол гардонда шуда, 160 адад камера насб гардидааст, ки аризаву дархости шаҳрвандон сари вақт қабул ва баррасӣ мегардад.
Раиси вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва бо сифати баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти фурудгоҳ супоришҳо дода, таъкид кард, ки фурудгоҳ бояд ҳамеша зебову озода бошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




