Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ баргузор гардид

Дар остонаи Соли нави мелодӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, картошка, макарон, шакар, пиёз, сабзӣ, тухм, орд, биринҷ, сабзавоту меваҷот, шириниҳо, нон ва ғайраҳо бо нархҳои то 30 дарсад нисбат ба бозор арзон пешниҳод карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ боздид намуда, ташкили ярмарка дар остонаи Соли навро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба як қатор кӯдакону хурдсолон, ки бо ҳамроҳии пайвандон омада буданд, тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.

Бояд таъкид кард, ки ин бор ба ярмарка теъдоди зиёди сокинон омада, маҳсулоти зарурии худ барои дастархони солинавиро харидорӣ карданд.

Шаҳрвандон аз роҳандозии иқдом дар шабу рӯзи солинавӣ изҳори хуш карда, миннатдории худро ба давлату Ҳукумат баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд