Қадршиносии ғолибони мусобиқа оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

Мусобиқа оид ба футбол, ки барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд миёни кормандони ташкилоту идораҳо идома дошт, ҷамъбаст ва ба ғолибон туҳфаҳо супорида шуд.

Бозии финалӣ нимаи дуюми рӯз дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" - шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои футболи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят доир шуд.

Дар мусобиқаи мазкур ҷойи аввалро дастаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, ҷойи дуюмро дастаи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва ҷойи сеюмро дастаи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соҳиб гардиданд.

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои пулӣ ва молӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд