Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, сарбозону афсаронро бахшида ба Соли нави мелодӣ табрик намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати шахсии қсими низомиро аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Соли нави мелодӣ табрик гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки ммрӯз ҳамаи мо шукрона мекунем, ки бо иродаи қавии мардуми соҳибмаърифату куҳанбунёдамон дар сарзамини аҷдодиамон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ва сокинони мамлакат ба хотири ояндаи неки Ватан сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд. Зеро маҳз ҳамин фазои орому осудаи кишвар аст, ки дар соли 2022 низ мо тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳтар гардонидани шароити рӯзгори сокинони мамлакат сафарбар намуда, дар ин самт силсилаи иқдомотро амалӣ намудем ва ният дорем, ки ин равандро босуръат идома бахшем.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонони ғаюру далер ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик якҷо бо мардуми ободгару ҳимматбаландамон минбаъд низ ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маърифат ва умуман, пешрафти Ватани маҳбубамон саъю талош хоҳанд кард.
Бояд қайд намуд,ки бахшида ба Соли нави мелодӣ дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархонаи идона густурда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




