Имрӯз дар маркази хизматрасониии "Раъно", воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо рафти таъмини иҷрои протоколҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла протоколи рақами 42 -ро баррасӣ карда, аз вазъи иҷрои ин ҳуҷҷат изҳори қаноатмандӣ карданд.
Тарафҳо таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро амри зарурӣ ҳисобида, таъкид доштанд, ки минбаъд тамоми масъалаҳои ба миён омада дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ҳал карда шавад. Аз тарафи роҳбарони ҳайатҳо протоколи нав ба имзо расонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд