Иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

Нимаи дуюми имрӯз раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода аз номи пахтакорони ноҳия "Муждаи зафар"-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супорид.

Заркорони ноҳияи Ҷаббор Расулов соли равон дар 4852 гектар пахта кишт карда буданд. Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳия 11400 тонна буда, то имрӯз 11413 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 100,1 фоиз баробар аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд