Шиносоӣ бо бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар Хуҷанд

2 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи нави ҶДММ «Азия Политекс» шинос гардид.

Ин корхона барои истеҳсоли халтаҳои гуногунҳаҷм пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд гардидааст. Маблағи сармоявии ширкат 2,5 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила то ба 10 миллион доллари ИМА расонида хоҳад шуд. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азия Политекс» иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва насбу васл гардид. Айни замон дар корхона марҳилаи санҷишӣ ва омӯзиши коргарон оғоз ёфта, корхона метавонад дар як моҳ 15 ҳазор дона халта истеҳсол намояд.

Раиси вилоят барои пурра омода намудани корхона ба масъулин супоришҳо дода, ҷалби бештари коргарон ба омӯзишро мувофиқи мақсад арзёбӣ кард.

Бо солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди корхонаҳои нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо дастгириҳои давлатӣ соҳибкорон дар саноатикунонии кишвар саҳми назаррас гузошта истодаанд. Аз ҷумла, дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд аз тарафи ҶДММ «Доро инвест» бунёди корхонаи нави коркарди меваву сабзавот идома дорад, ки он дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад. Зимни шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки корхона дар як моҳ то 90 тонна меваву сабзавотро коркард намуда, дар он дар марҳилаи аввал 120 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Дар назар аст, ки дар марҳилаҳои баъдӣ шумораи ҷойҳои корӣ ба 300 адад расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд