Суғд: 1100 нафар ҷавонони шуҷоъ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

Имрӯз дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар маросими гусели даъватшавандагон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири мудофиа Абдусаттор Шоҳиён, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, волидону пайвандони даъватшавандагон ширкат варзида, ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

Тавре таъкид карда шуд, дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

Зеро, тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст.

Раиси вилоят зимни суханронӣ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки “саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» дар якҷоягӣ бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти худро мунтазам ба роҳ монда, нақшаи пешбинишудаи даъвати баҳории соли 2022-юмро пеш аз муҳлати муқарраршуда иҷро намуд.

Қобили зикр аст, ки дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилоят ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи фарзандони ватандӯст ва боору шуҷоъ изҳори сипос карда, таъкид дошт, ки хизматчиёни вилоят - аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона, бо саҳмгузорӣ дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷашнҳои саиди дар пешистода, аз ҷумла 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои шоиставу арзандаи хизматӣ истиқбол гирифта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро мекунанд ва марзҳои Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя менамоянд.

Сипас, маросими нонгазон сурат гирифта, барои болидаруҳии ҷавонон барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ дар вазъияти тантанавӣ фаъолон ва волидони даъватшавандагон 1100 нафар ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд