Аз 24 то 27 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон баргузор шуд. Муштзанон аз рӯи 13 вазн сабқат карда, ғолибон муайян ва бо Ҷому тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 100 нафар варзишгарон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат варзиданд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карда, аз дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи варзиш дар вилоят ёдоварӣ кард.
Таъкид гардид, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар ҷамъбасти мусобиқаи Ҷоми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс аз сенздаҳ вазн 11-тояшро муштзанони тоҷик соҳиб шуда, ду медали тиллои дигарро муштзанони узбек ба даст оварданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




