Дар чор минтақаи вилояти Суғд ярмарка-фурӯши ангишт ташкил карда шуд

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо мақсади таъмини дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон дар фасли зимистон дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ярмарка-фурӯши ангишт ташкил карда шуд.

Ярмарка-фурӯши ангишт рӯзҳои 28, 29 ва 30 сентябр доир шуда, сокинон бо нархи 70-80 дирамӣ метавонанд ангишт харидорӣ намоянд.

Бояд қайд намуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини талаботи аҳолии мамлакат бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2022-2023, инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи ин намуди маводи сӯхт дар бозор ярмарка-фурӯши ангиштро ба роҳ мондааст.

Чунин ярмаркаҳо имконият медиҳанд, ки сокинон барои сипарӣ намудани зимистони имсола миқдори зарурии маводи сӯхтро бо нархи чанд маротиба арзон харидорӣ намуда, захира намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд