27 сентябри соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия нахуст муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №117 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” гузориш дод.
Қайд карда шуд, ки дар мамлакат оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи замин якчанд барномаҳои мақсадноки давлатӣ, аз ҷумла барномаи тухмипарварӣ қабул гардида, ҷиҳати татбиқи он қарорҳои дахлдор қабул ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо амалӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон, қабул гардидани қарори Раиси вилояти Суғд 13 декабри соли 2021, №574 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025» дар густариши ин раванд мусоидат менамояд.
Бо ин мақсад кишоварзони вилоят бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, инчунин истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обу замин тадбирҳои заруриро меандешанд.
Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 барномаи амали миёнамуҳлат буда, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз навъҳои баландҳосил, ҳамчунин тухмӣ ва шинондашаванда амалӣ мегардад.
Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Зиёд намудани масоҳати кишти зироатҳои ибтидоии кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои сертификатсияшуда дар хоҷагиҳои вилоят, ба баланд шудани ҳосилнокӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Дар вилоят 29 хоҷагӣ, аз ҷумла 20 хоҷагӣ дар самти пахтакорӣ, 4 хоҷагӣ дар самти картошкапарварӣ, 3 хоҷагӣ ба самти гандумпарварӣ, 1 хоҷагӣ дар самти шолипарварӣ ва 1 хоҷагӣ самташ ба сабзавоткорӣ ба шабакаҳои махсуси тухмипарварӣ шомил гардидаанд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур ба муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён, раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ворид намудани тухмии гандум, картошка ва чигити элитаю репродуксионӣ ва аз ин ҳисоб баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пурзӯр намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии онҳо супоришҳо дода шуд.
Дар идомаи кори иҷлосия ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет шунида шуда, барои таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Сипас, вобаста ба номгузории объектҳои физикиву ҷуғрофӣ гузориши муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ шунида шуда, доири ин масъала қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Вакилон ҳамзамон аз рӯи дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2022 ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар охир барои таъмини рушди тухмипарварӣ, ворид намудани тухмиҳои наву серҳосил, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон ва дигар масъалаҳои муҳим ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




