Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид

Азназаргузаронӣ: 911

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии тантанавие, ки ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия доир шуд, ширкат варзида, афсарони ин воҳиди махсусро табрик кард.

Раиси вилоят кулли кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбиҳо орзу намуд.

Таъкид гардид,  ки дар ҳама давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вогузор шудааст.

Кормандони далеру шуҷои Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тезу тунд шудани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо волотар дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талоши зиёд ба харҷ доданд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ таҳкурсии моддиву техникии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ, бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад.

-Ҳамасола таҷлил шудани Рӯзи Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед.

Барои ин, пеш аз ҳама, кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи донишу малакаи касбиашонро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд, - иброз дошт роҳбари вилоят.

Сипас, ба як гурӯҳ афсарони дастаи таъиноти махсус туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд