Ташрифи гуруҳи калони меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

8 сентябр гуруҳи калони меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Меҳмонон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омаданд.

Дар доираи сафари меҳмонон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиши молу маҳсулоти вилояти Фарғона ташкил карда шуда, форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, меҳмонон дар бозии дӯстона миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Сементчӣ" иштирок карда, аз маконҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд боздид мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд