Хабарҳо
Вохӯрии раиси Шӯрои ВАО бо донишчуёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ - 25.09.2020 09:53
Вохӯрии раиси Шӯрои ВАО бо донишчуёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ - 25.09.2020 09:53
Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Каримҷон Ҷӯраевро аёдат намуд - 24.09.2020 17:06
Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар Конибодом - 24.09.2020 17:03
Дар кўчаи Бобокалонови маркази шаҳри Конибодом ҳаммоми замонавӣ ба истифода дода шуд - 24.09.2020 16:53
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таълимии №38 дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ - 24.09.2020 16:48
Конибодом. Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал назаррас аст - 24.09.2020 16:42
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб - 24.09.2020 08:16
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони шаҳри Кӯлоб туҳфа ва кумакҳои моддӣ супориданд - 24.09.2020 07:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагӣ ва майдони варзиширо дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41-и шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд - 24.09.2020 07:42

АШТ: БА СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ ОМОДАГӢ МЕГИРАД

( 0 Овоз )

Ашт яке аз ноҳияҳое маҳсуб меёбад, ки бо истеҳсоли зардолуи шаҳдбори худ шӯҳрат пайдо кардааст. Кишоварзони ноҳия дар майдони боғҳои бунёднамудаи худ, машғули меҳнат буда, барои истеҳсоли ин меваи хуштаъм ҷидду ҷаҳд доранд.

Тибқи иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор боғоти зардолу буда, аз ин 8900 гектарашро дарахтони зардолуи ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки пас аз чанд рӯзи дигар боғдорони ноҳия ба оғози ҷамъоварии ҳосили нав шурӯъ хоҳанд кард. Имрӯз беш аз 14 ҳазор хоҷагии инфиродиву деҳқонӣ ба нигоҳубин ва баҳри бе талаф ҷамъовари намудани он машғул ҳастанд. Боғоти зардолузорро асосан дарахтони навъҳои пешпазаки арзанаки калон, шалах ва рухи ҷонона, инчунин навъҳои зардолуи муқаррарӣ ба монанди мирсанҷалӣ, исфарак ва бобоӣ, ки ҳосили фаровон доранд ташкил медиҳад.

Меваи тару тозаи зардолу асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Содироти намудҳои зардолуи пешпазаки «Шалах» «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷавонон» рӯзҳои наздик оғоз гардида, барои содироти он 140 ҳазор дона қуттӣ омода шудааст.

Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани зардолуи пешпазак аз имрӯз корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намудем. Барои рушди содироти зардолу ва гелос дар ноҳия ҶСК ОАО «Зардолу - Компания» фаъолият намуда истодааст, алҳол барои содироти 1000 тонна зардолу 120 қуттии ба талабот ҷавобгӯйро омода намудааст, - мегӯяд Рафторҷон Муҳаммадиев.

Бояд гуфт, ки соли гузашта боғдорони ноҳия наздики 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намудаанд, ки  аз ин беш аз 3 ҳазор тоннаашро соҳибкорони маҳаллӣ ба кишвари Россия содирот намуда буданд.

Боғдорон имсол низ азм доранд истеҳсоли 20 ҳазор тонна зардолуро ба роҳ монда сараввал бозорҳои дохилии кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин намуда, сипас боқимондаашро ба кишварҳои хориҷ содирот намоянд.

Дар ноҳия барои бунёди боғоти нав диққати махсус зоҳир мегардад ва барои истеҳсоли зардолуҳои хушсифат шароити мусоид фароҳам гардидааст. Ноҳия дар миқёси кишвар ба яке аз ноҳияҳои содироткунандаи асосии зардолу табдил ёфтааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқкати Суғд»

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд АШТ: БА СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ ОМОДАГӢ МЕГИРАД