Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда – 2025» ба имзо расид.
Озмуни мазкур бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят гузаронида мешавад. Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон, иштирок карда метавонанд. Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд камаш 5 мавод дар як мавзуъ пешниҳод намояд. Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад ва дар назар дошта шавад, ки маводи пешниҳодшаванда бояд давоми сол омода ва таҳия шуда бошад
Иштироккунандагони озмун дар мавзӯъ ва номинатсияҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:
а) Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси бунёдкориҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тадбирандешиҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди нақбҳо, роҳҳо, иншооти муҳими иҷтимоӣ, рушди иқтисоди миллӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, пастшавии сатҳи камбизоатӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум, рушду инкишофи соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, сохтмон, варзиш ва ҷавонон, энергетика, таъсиси ҷойҳои корӣ бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва дигар дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, нақши соҳибкорону саховатмандон дар ободонии маҳал, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, мумфаршкунии роҳҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, рафти татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори шаҳраку деҳот, рафти татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ.
б) Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат:
- инъикоси ҷараёни саноатикунонӣ, саноатикунонии босуръат-ҳадафи чоруми миллӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи саноат, фаъолияти мунтазами корхонаҳои хурди саноатӣ, самаранок истифода намудани иқтидори истеҳсолии мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешравӣ ва мушкилот, омӯзиши сабабу омилҳои корхонаҳои бозистода, таҳлилу баррасӣ ва пешниҳоди роҳҳо баҳри пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ.
в) Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ:
- инъикос ва муаррифии нақш ва саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озқаворӣ, дастовард ва мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти бунёди гармхонаву сардхонаҳо, шинос намудани кишоварзон бо навовариҳои соҳа тавассути маводи журналистӣ, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин, рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзии дохиливу хориҷӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, рушди инноватсионии соҳа, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, нигаҳдориву афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар.
г) Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ(тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)
Аз рӯи номинатсияҳои зикршуда ҳамзамон беҳтарин нашрияи маҳаллӣ, беҳтарин сомонаи расмӣ, беҳтарин наворбардор ва беҳтарин суратгир муайян ва бо мукофотпулӣ сарфароз гардонда мешавад.