МУБОРАК БОД! Темур Раҳимов соҳиби медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов (вазни + 100 кг) соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар сабқат барои медали биринҷӣ варзишгари тоҷик Анди Гранда аз Кубаро шикаст дод.

Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳимов дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови ӯзбекистонӣ ғолиб омад.

Дар даври ниманиҳоӣ аз Тедди Ринери фаронсавӣ мағлуб шуд.

Ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аст. Қабл аз ин Сомон Маҳмадбеков низ соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Суғд: Ба маблағи 8,4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Суғд: Ба маблағи 8,4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Дар се моҳи соли 2025 дар вилояти Суғд ба маблағи 8,4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,3 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида,...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
Ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

Ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

Дар се моҳи соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109,3 фоиз таъмин гардид. Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 431,2 тонна, гўшти чорвою паранда бо...