Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд

Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд.

Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом аз наздики 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор сарони давлатҳо, роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногун, ҳамчунин намояндагони зиёд аз созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба Теҳрон ташриф оварданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд, пас аз ду даври интихоботӣ Масъуди Пизишкиён ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд.

30 июл Масъуди Пизишкиён зимни маросими савгандёдкунӣ расман ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шурӯъ намуд.

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Суғд. Ба маблағи 30,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

Суғд. Ба маблағи 30,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 30,3 миллиард сомонӣ расонида шуда афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 120,1 фоиз таъмин гардид. Соли 2024 ба миқдори 424,5 ҳазор тонна орд, 5563,1 тонна равғани растанӣ, 7925,2 тонна маҳсулоти макаронӣ, 62,8 ҳазор тонна...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
Суғд. Ба маблағи зиеда аз 22,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид

Суғд. Ба маблағи зиеда аз 22,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид

Дар соли 2024 кишоварзони вилояти Суғд ба маблағи умумии зиеда аз 22,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Соли 2024 тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят кишти зироатҳо дар майдони 282,8 ҳазор гектар замин гузаронида шуд. Мавриди зикр аст, ки масоҳати кишти...