Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Муаррифии лоиҳаҳои бунёдшаванда дар соҳили Сирдарё

17 июл дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муаррифии лоиҳаҳои иншооти дар соҳили Сирдарё бунёдшаванда баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ, сармеъморони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ширкатҳои сохтмониву лоиҳакашӣ иштрок доштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаҳо таъкид карда шуд, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ мутахассисону муҳандисон ба Аморати муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар сафар карда, таҷрибаи бунёди иншооти замонавӣ дар соҳилро омӯхта, ба Ватан баргаштанд. Тибқи супоришҳои Пешвои миллат дар соҳили дарёи Сир низ бунёди инфрасохори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву тарабхонаҳои брендӣ ба нақша гирифта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон дар соҳил роҳҳои пиёдагард сохта хоҳад шуд.

Дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёнаи гуногун дар назар дошта шудааст, ки метавонад шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази сайёҳиву истироҳатӣ дар минтақа муаррифӣ намояд.

Барои иҷрои корҳо аз ҷониби ширкатҳои ватании «Шаҳрофар», «Саноатсоз», «Сохтмон ва меъморӣ», «Лоиҳакаш», «САНИИОСП» ва дигарон як қатор лоиҳаҳо омода шудааст. Дар вақти азназаргузаронии лоиҳаҳо барои такмили онҳо, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти сохтмон, назорати доимии раванди корҳо ва сифати сохтмон ба ширкатҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби ширкати "Тиниал" лоиҳаи роҳи нимҳалқа, инчунин тарҳи роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан, Спитамен-Истиқлол муаррифӣ карда шуд. 

Сипас, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят нахуст вобаста ба вазъи сохтмону меъморӣ дар вилоят маълумот дод. Таъкид карда шуд, ки соҳаи сохтмон ва меъморӣ яке аз соҳаҳои пешрафтаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳангоми сафарҳои кориашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла ба вилояти Суғд ҳатман аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан мекунанд ва дар гузоштани санги асос ва ё ифтитоҳи иншооти барои хоҷагии халқ басо муҳим шахсан иштирок мекунанду дастуру супоришҳои саривақтӣ медиҳанд.    

Соли ҷорӣ сокинони вилоят дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат пурмаҳсул меҳнат намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Сохтмончиён ва меъморони вилоят, низ дар қатори тамоми сокинони вилоят фаъолияти пурсамар намуданд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 1 миллиарду 248,0 миллион сомонӣ маблағгузориҳо аз худ карда шуда, 845,0 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1,8 маротиба зиёд мебошад. 

Тазаккур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои муайянро ба анҷом расонд.   

Дар ин замина, қарорҳои дахлдори Раиси вилоят ба тавсиб расида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дошта, рӯз аз рӯз симои кӯчаву маҳалла, деҳаву деҳот ва шаҳраку шаҳрҳо тағйир ёфта истодааст.  

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ зимни суханронӣ ба сармеъморони шаҳру ноҳияҳо барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, омодасозии лоиҳаҳои наву замонавӣ, татбиқи онҳо, рушди меъмории миллӣ, бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

19 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ "Ҷаъфар-2014" ва коргоҳи забҳи парандаи ҶДММ "Ҷумъабой Мирзо" шинос гардид. Корхонаҳои саноатӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ

Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ

19 сентябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид. Раиси вилоят дар ҳашари пахтачинии хоҷагиҳои деҳқонии "Ғуфрониён" ва "Сӯфизода"-и ноҳия иштирок карда, бо кишоварзон ва чинакчиён суҳбат намуд. Тавре маълумот дода шуд соли равон...