Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Дар Суғд вобаста ба нақши занон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳамоиш доир гардид

Аъзои Шурои занони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо ташкили ҳамоиш таҳти унвони «Нақши бонувон дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ» масъалаҳои марбут ба фаъолияти занон дар мақомоти корҳои дохилиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Ҳотамшо Содиқзода, саҳми занони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар рафти чорабиниҳо, пешгирӣ ва ошкорнамоии кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок, бурдани корҳои тарғиботии тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар иқдомоти созанда ба нафъи ҷомеа назаррас мебошад.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани мақоми зан-модар дар мақомоти маъмурӣ – идоракунӣ, фароҳамсозии шароити таҳсил ва кор дар сохторҳои муҳими давлатӣ барои занон, намунаи олии эҳтиром ба зан-модар мебошад. Нишонаи боварӣ ба истеъдод ва коргузории ҷинси латиф боз дар он таҷассум меёбад, ки имрӯзҳо зани тоҷик дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ дар паҳлуи мардон истода, сарбаландона дар самтҳои фаврию тафтишотӣ, криминалистӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар хизматҳо фаъолият мебарад.

Дар Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳиссагузорӣ дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳнамоии ватандӯстона ва масъулиятшиносии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, кор дар самти муноқиша ва хушунати оилавӣ аз мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ буд, ки аз ҷониби Шурои занони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баррасӣ гардид.

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Маҳсулоти ширкати "Арча" дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024"

Маҳсулоти ширкати "Арча" дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024"

Беш аз 200 корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ маҳсулоти худро дар даҳумин Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба намоиш гузоштанд. Дар қатори дигар корхонаҳо маҳсулоти истеҳсоли ширкати "Арча" низ ба меҳмонони намоишгоҳ муаррифӣ шуд. Аснои боздиди меҳмонон аз растаи ширкат иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади...

ИҶТИМОИЁТ

БЕШТАР
Шиносоӣ бо сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар Хуҷанд

Шиносоӣ бо сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад....

Кишоварзӣ

БЕШТАР
Аз ноҳияи Ашт 5000 тонна зардолуи тар содирот мешавад

Аз ноҳияи Ашт 5000 тонна зардолуи тар содирот мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварӣ ва содироти зардолу шинос гардид. Дар ноҳияи Ашт, ки аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ ба ҳисоб меравад, 20 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст. Аз ин миқдор 570 гектари он зардолуи пешпазак буда, айни замон...