Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар деҳоти шаҳри Панҷакент

6 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар намуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ иштирок намуд.

Нахуст бо иштироки Раиси вилоят дар деҳаи Баҳори шаҳр майдони варзишӣ барои бозии футбол ба истифода дода шуд. Иншооти варзишӣ ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ бо саҳмгузории сокинону соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст. Масоҳати варзишгоҳ 50х95 метр буда, барои сокинони деҳа имкон фароҳам оварда шуд, ки дар шароити беҳтар ба варзиш машғул шаванд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки ба тарбияи дурусти фарзандон аҳмияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҷавонону наврасони мо бояд донандаи ду-се забони хориҷӣ ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта бошанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба сокинон ва ташаббускорони амали нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос намуд.

Сипас, дар деҳаи Мазори шаҳри Панҷакент як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдонча дар масоҳати 0,21 га замин ва дар наздикии мактаби деҳа сохта шуда, дар он метавон ба бозиҳои футбол ва волейбол машғул гардид. Инчунин барои обутоби бадан таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст, ки наврасон метавонанд истифода намоянд.

Раиси вилоят дар суҳбат ба сокинони деҳа иброз дошт, ки бояд чунин корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳо вусъат дода шавад. Бо ёдоварӣ аз Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ роҳбари вилоят аз ҷавонону наврасони деҳа даъват кард, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, чун фарзандони маъруфи диёр дар пешрафти мамлакат саҳмгузор бошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

19 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ "Ҷаъфар-2014" ва коргоҳи забҳи парандаи ҶДММ "Ҷумъабой Мирзо" шинос гардид. Корхонаҳои саноатӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ

Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ

19 сентябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид. Раиси вилоят дар ҳашари пахтачинии хоҷагиҳои деҳқонии "Ғуфрониён" ва "Сӯфизода"-и ноҳия иштирок карда, бо кишоварзон ва чинакчиён суҳбат намуд. Тавре маълумот дода шуд соли равон...