Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Ба иштирокчиёни ҶБВ туҳфаҳои пулии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом собиқадорони ҷангу меҳнат аёдат карда шуданд. 

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз ҳоли сокини 98 солаи шаҳри Конибодом, иштирокчии ҶБВ Абдуваҳҳоб Махкамов хабар гирифтанд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки диловариву ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои ҳамеша намунаи ибрат аст.

Ба иштирокчии ҶБВ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 40 000 сомонӣ ва аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 7 000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шуд.

Сипас, ба якчанд нафароне, ки дар ақибгоҳ меҳнати фидокорона намудаанд, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилоят ва шаҳрҳои Конибодому Исфара кӯмакҳои пулӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР

Маълумот дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2026

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2026-ум нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 9 млрд. 825,4 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,0 дарсад баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,3 дарсадро ташкил додааст.

ИҶТИМОИЁТ

БЕШТАР
Дар Истаравшан бинои нави беморхонаи  касалиҳои сил бунёд мегардад

Дар Истаравшан бинои нави беморхонаи касалиҳои сил бунёд мегардад

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони бинои нави беморхонаи касалиҳои...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
СУҒД. Ба маблағи 18 миллиарду 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

СУҒД. Ба маблағи 18 миллиарду 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

Дар нуҳ моҳи соли 2025 кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 18 миллиарду 834 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд ва суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта...